مانی
حکایت یار سمرقندی. گزیده‌ی اشعار مانی برای تاجیکان.
تاريخ نگارش : ۱۵ اسفند ۱٣۹۴

این مطلب را به شبکه‌ی خود ارسال کنید:     بالاترین balatarin     دنباله donbaleh     yahoo Yahoo     delicious Delicious     facebook Facebook     twitter Twitter     google Google    





نشر استورنوس منتشر کرد: حکایت یار سمرقندی. گزیده‌ی اشعار مانی برای تاجیکان.
«حکایت یار سمرقندی» گزیده‌ای از سروده‌های عاشقانه و اجتماعی مانی است که به کوشش انتشارات استورنوس با خط سیرلیک و همزمان در اروپا و تاجیکستان برای تاجیکان منتشر می‌شود. دکتر علی نورزاد استاد زبان و ادبیات فارسی دانشگاه خجند و دکتر عمرالدین یوسفی استاد زبان و ادبیات عربی دانشگاه ملی تاجیکستان پیشگفتاری بر این مجموعه نوشته‌اند.
ﻣﺎﻧﻰ (ﻣﻴﺮﺯﺍﺁﻗﺎ عسگرﻯ) ﺩﺭﺳﺎل ۱۹۵۱ در ایران ﺯﺍﺩﻩ ﺷﺪ. ﻧﺨﺴﺘﻴﻦ ﻛﺘﺎﺏ ﺷﻌﺮﺵ «ﻓﺮﺩﺍ ﺍﻭﻟﻴﻦ ﺭﻭﺯ ﺩﻧﻴﺎﺳﺖ» ﺩﺭ سال ۱۹۷۵ ﻣﻨﺘﺸﺮ ﺷﺪ ﻭ ﺗﺎﻛﻨﻮﻥ بیش از ۶۰ ﺟﻠﺪ ﺍﺯ ﺁﺛﺎﺭﺵ ﺑﻪ ﭼﺎﭖ ﺭﺳﻴﺪه‌اﻧﺪ. ﻣﺎﻧﻰ ﻧﻘﺪ ﺍﺩﺑﻰ ﻭ ﺩﺍﺳﺘﺎﻥ ﻫﻢ ﻣﻰﻧﻮﻳﺴﺪ. او از دسامبر ۱۹۸۴ در ﺁﻟﻤﺎﻥ ﺯﻧﺪﮔﻰ ﻣﻰﻛﻨﺪ و عضو اتحادیه‌ی نویسندگان آلمان است. برخی از ﺁﻓﺮﻳﺪه‌های او به آلمانی و ﺯﺑﺎﻧ‌‌‌ﻬﺎﻯ ﺩﻳﮕﺮ ﻣﻨﺘﺸﺮ ﺷﺪﻩ‌اند.
بر اساس نوشته‌ها و گفته‌های شاعران و نویسندگان بزرگ ایران، مانی از برجسته‌ترین و پرکارترین شاعران امروز ایران است. کتاب «ادبیات و اروتیسم» او نخستین پژوهش در شعر عاشقانه‌ی این‌جهانی و شعر اروتیکی به زبان فارسی است.
این کتاب را می‌توان در اروپا، امریکا و کانادا از طریق آمازون سفارش داد. برای پیدا کردن کتاب در آمازون از عنوان انگلیسی آن استفاده کنید:
The Tale of the Beloved Samarkandi
کتاب حکایت یار سمرقندی منتشر شد. آدرس آن در آمازون این است:

www.amazon.de

<><><>

“Hekayat-e-Yar-e-Samarkandi“ or „The Tale of the Beloved Samarkandi“ is a selection of Mirza Agha Asgari’s (commonly known as Mani) social poems and love poems published in Cyrillic for the Tajik people by Sturnus Publica-tions. The preface is written by Dr. Noorali Noorzad (University of Khujand) and Dr. Umriddin Yusufov (National university of Tajikistan – Dushanbe). The poems were transcribed to Cyrillic by Dr. Umriddin Yusufov.
Mani (Mirza Agha Asgari) was born in Iran in ۱۹۵۱. His first collection of poems ,“Tomorrow is the first day of the world”, was published in ۱۹۷۵. At present, over ۶۰ of Mani's works have been published. He also writes novels and literary critiques.
Mani has been living in Germany since ۱۹۸۴. Some of his books have been published in German as well as other languages. He is a member of the „German Authors‘ Union“. Well-known Iranian poets refer to him as one of the best and most productive poets of contemporary Persian literature. His book “Literature and Eroticism“ is the first research work on the subject of erotic Persian poetry.
Not only has Mani been a pioneer in Persian love and erotic poems, but he has also been one of the most active members of the Iranian enlightenment movement.

***

«Ҳикояти ёри Самарқандӣ» гузидае аз сурудаҳои ошиқона ва иҷтимоии Монӣ аст, ки бо хатти кириллӣ барои тоҷикон мунташир мешавад. Доктор Нуралӣ Нурзод - устоди забон ва адабиёти форсии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва доктор Умриддин Юсуфӣ - устоди забон ва адабиёти арабии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пешгуфторе бар ин маҷмӯа навиштаанд.
Монӣ (Мирзооқо Аскарӣ) дар соли ۱۹۵۱ дар Эрон зода шуд. Нахустин китоби шеъраш «Фардо аввалин рӯзи дунёст» дар соли ۱۹۷۵ мунташир шуд ва то кунун ۶۴ ҷилд аз осораш ба чоп расидаанд. Монӣ нақди адабӣ ва достон ҳам менависад. Ӯ аз декабри соли ۱۹۸۴ дар Олмон зиндагӣ мекунад ва узви Иттиҳодияи нависандагони Олмон аст. Бархе аз офаридаҳои ӯ ба олмонӣ ва забонҳои дигар мунташир шудаанд. Бар асоси навиштаҳо ва гуфтаҳои шоирону нависандагони Эрон Монӣ аз барҷастатарин ва пуркортарин шоирони имрӯзи Эрон аст. Китоби «Адабиёт ва эротизм»-и ӯ нахустин пажӯҳиш дар шеъри ошиқонаи ин ҷаҳонӣ ва шеъри эротикӣ ба забони форсӣ аст. Монӣ на танҳо таҳаввуле бузург дар шеъри ошиқона ва эротики Эрон ба вуҷуд оварда, балки аз пешоҳангони рӯшангарӣ дар миёни эрониён аст.
ISBN: ۹۷۸-۳-۹۴۶۴۵۱-۰۴-۴

<><><>

ДУНЁЕ ДАР ФАРОСЎИ ВАТАНИ ВОЖАЊО
Шояд милюнњо сол аст, ки дар тафаккури инсоният тафсири отифањое равонї, ки яке аз муњимтарину умдатарини шакли онњо њамин шеър аст, зиндагї мекунад ва ба ќавли Абулмаъонї дар таљассумгоњи «як њаќиќати тобон дар њазор оина». Чун аслу бунмояи шеърро вожа њастї бахшидааст, њамоно ба унвони абзори њаќиќии шеър ваќте инсоният такаллумро омўхт, ба гумони ѓолиб нахустсухани ў ё аввалин вожаи ба лаб овардааш шеъри нахустин буд, чун низоми сухан гуфтан, њарф задан ё паём овардан аз њамон вожаи оѓозин ибдоъ шуд. Ба гунае дигар, агар ба суроѓи тафсири нахуствожаи паймѓомовари Одам ба љањон биравем, боз њам њамоно нуктаи пайванд ба маърифати инсон сўи андешагоњи мо мерасад, ки њамеша аз ибтидо инсон нахуст дар пиндор ё ангорањои хеш ашёро тасаввур намудаву баъдан онро дар каломаш сурат бастааст ва ё агар номе надошта, бар пояи маърифати хеш унвон гузошта бар он. Пас, дуруст аст, ки шеър мањсули ирфони инсон дар шуур ва тарсими он дар оинаи анвоъи мухталифи фурмњои он тавассути вожагон аст. Ба таъбири донишманд ва мунтаќиди назарияпардози эронї Исмоили Нуриаъло, ки бар пояи тањлили афкори мутафаккирони ќадим ва муосир ба ин натиља расидааст, «шеър гузоришгари вазъиятњои отифии худи шоир аст, яъне гузорише аз ваъиятњои аќлонї ва њиссї, ки сохтаи тафаккури мустадил ва мантиќї њастанд, мебошад». (Теории шеър. ۱۶۶, Ландан, Интишороти Ѓизол, ۱۳۸۲). Шамси Лангрудї низ дар мусоњибае аз худ њамин матлаби шинохти шеърро бо гунае дигар чунин тафсир намуда: баситтарин шакли таљаллии хаёл дар вожа шеър аст (Фунуни шоирї аз нигоњи Шамси Лангрудї).
Агар њамин назарияро бипазирем, ки шеър аз эњсос ва маърифати аќлонии инсон гузорише барои љомеа медињад ва мањсули шинохти шахси шоирро аз њар чї дар канору акнофи ўст ё њосилаи отифањои варо ба гунае гузориши муљассам дар тафаккураш манзур мекунад, боз њам њамин андеша, ки нахустин вожаи ба забон овардани Одам худ бешак шеър буда, ба суроѓи мо мерасад. Яъне бар пояи ривоёт чун Абулбашар барои шукронаи њузур ба њастї њамди Худовандро ба љо оварда, таркиби «Ситоиш мар Худой»-ро зикр намуд, ин вожаи муътабар худ шеъри аввалин буда. Вагар не Наќибхон Туѓрали Ањрорї, шоири тољики поёни асри ќарни нуздањи милодї, маќсуд аз шеър њамин њамди Худованд буданро њаргиз таъкид накарда будї:

Њамди Худованд ба љой оваранд,
Маќсуд аз шоирї ин муддаост.
Чун баробари њузури инсон ба ќаламрави њастї шинохти олам ўро њамроњ буда, балки асли сафари одамї аз мароваро ба таъбири орифон ба ин «нобаљо» њамин маърифат буда, ки дар њадисе бо ваљњи равшан тарсим касб карда: «Ман ганље будам пинњон, хостам шинохта шавам, биофаридам офаридагонро то шинохта шавам». Ин маърифат аз муњимтарин аркони шеър мањсуб шуда, ки ба аносире дигар чун хаёлу тафаккуру бадеъ пайванд гирифта. Агар маърифат ончї дар воќеияти њастї бударо ба тафаккур кашонидааст, тахайюл бар он нобудањоеро афзуда ё он чї худи инсон пиндошта, ки шояд иттифоќ биуфтанд. Ин њолат дар вуљуди тамомии одамон буруз мекунад, аммо шоирону достоннависон танњо муваффаќ шудаанд, ки ин пиндорњои фаровоќеї ва хаёлоти рангинро дар оиназори вожагон таљаллї бибахшанд, то отифаи шеър шакл бигирад. Њамин маънї дар шеъри «Вожа»-и Монї ба таври барљаста тасвир шудааст:
Дар оѓоз калима буд,
Он гоњ љумла шуд,
Сипас шеъре баланд,
Ва дар поён
њастї.
Дар оѓоз Худо буд,
Онгоњ шеъре баланд шуд,
Сипас љумла
Ва дар поён як вожа.

Ин вожа
Дар худнависї пинњон аст,
Ки касе бо он наменависад.
Ва њамин гуна чун вожагон бар пояи маърифати инсон афзуданд, ќаволиб ва бо мурури фосилаву фурсатњои тўлонї, солњову садањо суннатњо дар доираи сухан њам шакл гирифтанд, то маљмўан бо шевањое ин гузоришоти њиссиро дар фурме муайян барои мо арза доранд ва равишњои дигаргунаеро ба гунае љадид нишон дињанд. Тўли бештар аз њазорон сол ин суннатњои адабї дар ќаламрави тамаддуни мардумони форсизабон порбарљо ва ќудратманд будаанд, пеш аз њама бо хотири он ки истењком ва бунмояњое ќавї дошта, ба ќавли маъруф «нахустхишташон мустањкам ва дурусту рост гузошта шуда буда». Вале ин ки њамеша мавзўи навгарої ё таљаддуд дар ќаламрави шеъри порсї дар ќарне ё бештар аз он чї дар каломи худи шуаро ва чї дар дидгоњњои мутафаккирони ањли балоѓат ва фунуни адабї садо дода, боз њам муртабит ба њосилањои њамин тафаккур ва маърифати инсон ё љадидтарин гузоришњои аќлониву отифии ў аз зуњури падидањои тозаи иљтимоиву сиёсї, фарњанги маърифатї ва монанди ин будааст. Устод Ќайсари Аминпур ин бањсро аз зовияи љойгоњи сурат ва маънї баррасї намуда, бо такя бар њамин авомили зуњури андешаи таљаддуд ё навгарої бар ин натиљаи мантиќї расида, ки «албатта, дар маљмўъ навоварї дар шеъри суннатї ѓолибан аз тариќи гузиниши мавзўи тоза ва аз миёни мавзўоти мутанаввеъ, пардохтан ба мазомини тоза ва густариши дар њавзаи маъонї ва сувари хаёл сурат гирифт ва шаклњо суботи бештаре доштанд. Шояд њамин танаввўъ ва густариши мавзўот ва мазомин ниёз ба навоварии шоирон ва мухотабонро то њудуде ирзо мекард ва камтар гирди навоварињои дигаре мегаштанд:
Мунсифон устод донандам, ки аз маъниву лафз,
Шеваи тоза на расми бостон овардаам.
(Хоќонї,۱۶۸)
Ин донишвари маъруфи эронї, албатта ин навгароињоро нисбї мешуморад, чун бештар дар мањдудањои шакл ва мўњтаво то замони зуњури сабки њиндї, хоса мактаби бедилї муравваљ будаанд ва мо дар аксар сурудањои шоирони ќуруни мухталиф дучори таркиботе чун «мазмунњои бикр», «мазомини пок», «маънии тоза», «тарзи тоза», «маънии баланд» ва амсоли ин мегардем. Ва аммо баробар ба зуњури маънињои тоза «тарзи тоза» њам роиљ шуда, ки бештари он дар каломи суханварони сабки њиндї нуфуз касб карда ва ин тарз, пеш аз њама ба тафаккур ва биниши дигаргунаву навъе тоза дар маърифати шеър ва ашёст, ки ба унвони падидаи навгарої муаррифї шудааст. Барои шарњи ин матлаб њам метавон њазорон мисолеро рўи сањифањо гузошт, ки њатто шеваи нахустини баёни он дар каломи устод Рўдакї љой гирифта ва баъдан бо таѓйири биниш ва дидгоњи ањли ќалам дар дарозои њазор соли адабиёти форсї бар он тозагињое аз ин роњ афзудаанд. Агарчї устоди шоирон моро бо шеваи хоси сабки хуросонї, бо сањли мумтанеъ ба ќаноат варзидан даъват мекунад ва мефармояд:
Бо дода ќаноат куну бо дод бизї,
Дар банди такаллуф машав, озод бизї.
Бо нигарише дигар ва бинише хоса Абулмаъонї Бедил боз њам ба суроѓи маънии ќаноатварзї меравад ва аз љойгоње сухан ба забон меоварад, ки дар кунљи ќаноат нишаставу њамон андарзи устод шоиронро тањаќќуќ бахшидааст:
Дунё агар дињанд нахезам зи љои хеш,
Ман бастаам њинои ќаноат ба пои хеш.
Ин ки Абулмаъонї «ба пои худ њинои ќаноат мебандад» баёни тозаест, ки аз равзанаи нигоњи маънишикори ў бо тарзе нав наљво додааст, то гўяндаи онро њамчун шоири мубтакир ва тозаназар муаррифї намояд. Ба таъбири дигар, ин њамон гузориши отифии матлаби устод Рўдакист, ки дар оинаи тафаккури Булмаъонї ба навъе дигар ва дидгоње тозатар љилва рехтааст.
Бо ин њама иќдом дар нављўї рўњи оштинопазири шуарои бузурги гузаштаи мо њаргиз бо ќаволиб ва мањдудањои фаровони мављуд дар шеъри суннатї натавонистаанд, созиш бикунад ва њамин талошу такопў дар роњи шикастанњо буда, ки гоње ѓайрихтиёр Мавлоно аз худ ин садоро бурунсў љањидааст:
Растам аз ин байту ѓазал, эй шањи Султони азал,
Муфтаилун муфтаилун муфтаилун кушт маро.
Ва шояд суроѓи бањри комил ва таљриба бар бањрњои камозмудаи шеъри порсї рафтани Бедил низ сарчашма дар њамин андешаи Мавлоно дорад, ки муфассири ин дидгоњи назарии буруноянда аз ин иќдомот аст: шояд ќавобили шеъри суннатї созгор ба таљассуми комили маънињои шоирона нест ва њамин амр боис омада, ки гоње бидуни ихтиёр Мавлоно тарњи ќофияву радифро шикаставу суроѓи андеша рафтааст. Он љо ки Таќии Пурномдориён Мавлоноро аз шуарои сохторшикан унвон мекунад, боз њам пайванд ба њамин тафаккури вай ба шеъру шоирї ва асолати он дорад. Худи Мавлоно њам ин дидгоњњои назарии имрўзиёнро дар каломаш бо зеботарин ваљњ тафсир намуда:
Ќофияву маѓлатаро гў њама селоб бибар,
Пўст бувад, пўст бувад, дархури маѓзи шуаро.
Ва аз њамин назарияи шикастани ќолабњои маъмулї бори дигар нуктаи муњим дар шинохти асолати шеър арзи њастї мекунад, ки њамеша маънї ва маънигарої нахустин буда ва баъдан он ба сурат ё шакле муайян даромадааст. Њатто бо вуљуди нуфузи суннат ва ќаволиб бузургони ниёи мо дар улуми назарии адабї муќаддам будани маъниро талаќќї кардаанд. Он љо ки Шамс Ќайси Розї мефармояд: «Шоир бояд нахуст насри он (мавзўи он)-ро пеши хотир орад ва маънии онро дар сањифаи дил нигорад ва алфозе лоиќи он маъонї тартиб дињад ва мувофиќи он шеър ихтиёр кунад».
Муќаддам будани маънї бар сурат шояд аз нахустин авомиле буда, ки њамеша њисси шикастани сохтор ва ќолабро дар вуљуди шоирон нуфуз бахшида ва ин андеша пайваста дар суроѓи эшон ва суханварон дар сайди ин нуќтаи назар будаанд, то замоне, ки дар оѓози ќарни бистум дар ќаламрави шеъри муосири Эрон Нимо Юшиљ бори нахуст ба ин ибтикор даст зада, ба истилоњ шеъри нимої ё арўзи озодро бунёд нињодааст. Аммо бањси зуњури шеъри нав дар ќаламрави адабиёти навини Тољикистон дигаргуна аст ва ањли тањќиќ ба сурудаи устод Садриддин Айнї маъруф бо номи «Марши њуррият» њамчун намунаи аввалини шеъри нав таъкид меварзад. Фаротар аз ин, дар тазкираи равшанфикр ва маорифпарвари маъруфи ќарни нуздањи тољик Шарифљон Махдум Садри Зиё «Тазкору-л-ашъор» дар чанд маворид рафтани ишорат ба истилоњи шеъри нав баёнгари он аст, ки нахустин падидањои шеъри нави тољикро метавон дар намунањои суханварони марифпарвар бозљўї кард, ки ин мавзўи бањси људогонаест. Баъдан њам бо пирўзии нуфузи афкори маорифпарварии русї дар Осиёи Марказї таъсири шеъри русї низ мустасно намонд ва бештари шуарои ањди аввали адабиёти даврони Шўравии тољик ќаволиберо аз сурудањои шоирони рус, мисли Маяковский ба орият гирифтанд, ки намунањоеро дар ашъори Пайрав Сулаймонї ва њатто Абулќосим Лоњутї дар ихтиёр дорем. Тазаккури ин нукта, пеш аз њама он матлабро барои мо рўшан мекунад, ки дар ќолибњои шеъри нави ин давраи тољик, то ин замон мо ба аносири шеъри ба истилоњ модерн ё сапед дучор меоем, ки њамон шохисањои пурвусъати он дар шеъри муосири форсиро дар худ то љое таљассум намудаанд.
Дар марњилаи нав тањаввулоти адабї, ки ба истилоњ адабиёти даврони истиќлоли миллии тољик унвон гирифтааст, албатта то андозае таъсири шеъри нав аз тариќи шеъри муосири Эрон дар Тољикистон авлавияти бештар касб намуд. Бештар аз њама мутолеаи ашъори Фурўѓ, Нодири Нодирпур, Ањмади Шомлу, Мањдии Ахавони Солис, Суњроби Сипењрї, Ќайсари Аминпур ва дигарон барои шаклгирии шеъри нав дар ќаламрави адабиёти муосири тољик наќши муассире тавонист бигзорад. Вале бо ин њама дар кўтоњтарин фурсат шоирони навгаро ва сапедсарои тољик тавфиќ ёфтанд, ки намои тозае аз шеъри нави тољикро бо инсиљоми рўњияи тољикона дар он ба вуљуд оваранд. Њарчанд Алиризо Ќазва дар пешгуфтори худ ба китоби устоди шеъри нави тољик Доро Наљот эътиќод дорад, ки ин шоири номвари тољик рўњи шеъри Суњробро дар ќаламрави шеъри тољик интишор медињад, аммо тааммул дар сурудањои Доро Наљот њар нафар хонандаро бар ин аќида мерасонад, ки ин ин суханвари тозапаём аз бунёдгузорони намои њаќиќии шеъри нави тољик бо рўњияе тољикон аст. Бањси муфассали ин мавзўъ дар пажўњише бо номи «Зењният ва зиндагии тољикона дар шеър» дар китоби «Меъроље то хуршедии висол» рафтааст.
Раванди нашри намунањои шеъри муосири Эрон дар кишвари мо ва ашъори шоирони тољик дар Эрон, ки имрўз ба як тамоюли муфид бадал ёфтааст, барои таќвияти пайвандњо ва таъсиру таассури суханварон љињати такмилаи куллии шеъри нав дар адабиёти муосири форсизабонон наќши муассир мегузорад. Ба таъбири дигар, нашри маљмўањое аз суханварони навгарои Эрон дар Тољикистон њам барои ошної ба вазъи кунунии шеъри муосири њамзабонон ва њам шинохти майлонњои љадиди шеър самарањоеро бо худ њамроњ дорад. Аз ин рў, муаррифии яке аз чењрањои шеъри нави Эрон Мирзооќо Аскарии Монї дар шумори њамин иќдомот ќарор мегирад, ки дар ќаламрави шеъри имрўз дар шумори тозаназарону навгароёни сапедсаро ќарор дорад. Вуруд бар љањони маънавии сурудањои ин суханвар ин андешаро бештару пештар таќвият мебахшад, ў ба унвони меросбарони ањли сухан дидгоњњои классикиро дар дунёи андешаву тахайюлоташ бо тозагињо оштї додаву њосили маърифати хаёлангезашро муљассам гардонидааст. Бо он ки дар сурудањои Монї ќаволибе мухталиф аз шеъри сапед мунтахаб шудаанд ва гоње бар тафсири биниши фалсафиву ирфонї ва иљтимоии хеш вай тафсилотеро њамроњ мекунанду шеъраш то маќоми манзума ё шеъри сапеди бузург мерасад, вале бештар фурми шеърпорањои кўтоњро бармегузинад, ки дар онњо бофту пайванди сухан мустањкам ва ќудратманд љилва мекунад. Њарчанд дар назар гўиё мафоњим ва матолибе сањлу сода мерасад, аммо жарфои каломаш тафаккури амиќ ва бинише бо тааммулро иќтизо дорад. Он љо ки мегўяд:
Шамшери забон,
Рўњи дигаронро, ки медарад,
Дастони абадият низ,
Аз дармон тињї мемонанд.
Ин маъниро шояд шурўъ аз Фирдавсї то имрўз бо њазорон ранг таљассум додаанд. Њамоно, ки ин њакими фарзона фармуда:
Сухан бифканад минбару дорро,
Зи сўрох берун барад морро.
Ё нафаре дигар аз шуаро фармуда:

Сухан гоње газад монанди ору,
Сухан гоње гирад њам љои дору.
Ин андешаи Монї, ки шамшери забон ваќте ки рўњи дигаронро медарад, яъне осоре аз таъсири сухани номатлуб нафароне дилшикаста мегардонаду бар эшон осеби рўњї мерасонад, њатто дастони абадият њам бедармон хоњад буд. Шояд ќаробате миёни ин фармудаи Монї ва пешиниён мављуд аст, аммо ў фаротар мерасад ва бар дарки ин матлаб ва дар як банде мухтасар фалсафаи сухан ва мавридшиносї дар баёни онро тафсир мекунад. Ба гунае дигар, ин сурудаи Монї низ њамон байтест, ки дар ќолиби шеъри нав љой гирифтаву таљдид касб намудааст. Албатта, ки ин таљаддуд њам дар ќолиб аст ва њам шеваи баён ва тафаккуру шинохт.
Фарохнои имконоти шеъри сапед бо озодиву инбисоти хеш барои шарњу тафсири олами рўъё ва њосилањои маърифати шоир заминасозї мекунад. Монї аз ин басити мувофиќи њолаш ба гунае шоирона ба кор мегирад ва њамоно ба шарњу тавзењи авотифи равонї ва аносири аслии шеър мепардозад. Хулосаи яке аз сурудањои вай, ки мањсули биниши хос ва дарки амиќи яке аз ин аносири муњими шеър – хаёл аст, ба гунае сурат баста, ки ў хаёлро сояи воќеият медонад:
Хаёл
Њар гоњ нестї,
Рўъятро дар оѓўш мефишурам,
Бозу, ки мегушоям.
Фурў мелаѓзї!
Хаёл, сояи воќеият аст!   
Ин љо Монї воќеан аз имконоти тасвирофаринї, таркибсозињо, ки њамагї рукнњои муњимми њама анвоъи шеъранд, муфид истифода мекунад. Ў дар набудани азизтарини худ, оне, ки камоли садоќатро дар њузур ва муњаббати вай таљриба кардааст, рўъятро ба оѓўш мефишорад. Дар оѓўш фишурдани рўъё баробари таркибе шоирона будан, навъе њисомезиро дар худ инсиљом мебахшад. Љолиб аст, ки агар Симин хаёлро дар оѓўш мегирад, Монї фаротар аз вай онро дар оѓўш мефишорад, ки ин нигоњ ва шинохти тозаи худи шоир аст. Дар идомаи сухан њам назокати каломаш муљаллост. Ин љо як њаракати амали кўтоњ навъе ба шеър сужае ато намуда ва баъдан шоири хаёли маъшуќро дар оѓўш фишурда, бозу мекушояд, ки њам маъшуќ ва њам хаёли вай фурў мелаѓзад. Њамин фосилаи кўтоњи ба ёди маъшуќ будан аст, ки ўро ба шинохти як мафњуми отифї, яъне хаёл мерасонад, то натиља бигирад, ки хаёл сояи воќеият аст, чун дар сояи воќеият њам нукоте аз худи он мављуд мебошад. Њарчанд худи маъшуќро дар ихтиёр надорад, аммо пайванди хаёлии ў иртиботе равониро дар вуљуди гўянда њосил мекунад, ки онњо њамагї њамон «баситтарин навъи таљаллии хаёл дар вожа», яъне шеър мешаванд.
Мусаллам аст, ки дар наќду сухансанљии шеъри муосир баробари зуњури шаклу навъњои мухталиф аз шеъри нав истилоњи шеъри шомлуї низ роиљ гардид, чун њузури Ањмади Шомлу дар ќаламрави шеъри имрўз гардишњоеро дар дидгоњу андеша ва хоса такмилаи шаклњои мухталифи он ба миён овард ва минбаъд шоирони фаровоне аз ин равиш истиќбол намуданд. Чї дар Эрон ва чї дар Тољикистон ин шева ба истилоњ љойгоњи худро пайдо кард ва бидуни тардид Монї аз нафаронест, ки чароѓи роњи шеъри шомлуиро њамеша рўшан медорад ва дар ин љода муваффаќона ќадам мегузорад. Чун дидгоњ ва назари хешро ба воќеият, њастї ва маърифати љањони омадшуд дорад, аз њар вожаву мафњум, аносири воќеият, лањазоти умр бардоштњои хосаи худро ба хонандааш манзур мекунад. Аз љумла, ў сапедадамро чун гирењгоњи шаб мебинад ва ѓурубро низ њамингуна тасаввур менамояд. Зери мафњуми шакл дар тасаввури вай гирењгоњи нестї љилва мекунад ва ишќро нињояти нестї бо љовидонагии њастї мешиносад:
Сапедадам, гирењгоњи шаб аст бо рўз,
Ѓуруб низ.
Шакл, гирењгоњи њастист бо нестї
Бе шакл низ.
Ишќ, гирењгоњи нињояти нестист
Бо љовидонагии њастї.
Ваќте таљассуми ин дидгоњи Мониро дар оинаи каломи вай ба мушоњида мегирем, њамоно мо ба ёди ин байти Мавлоно меуфтем, ки фармуда:
Пас чї бошад ишќ? Дарёи адам,
Даршикаста аќлро он љо ќадам.
Монї муриди мактаби андешаи ниёгони худ, хоса Мавлоност, ки дидгоњњои фалсафии ќадимро ба сурати љадид даровардааст, то аз худии худ дар ќаламрави шеър паём расонад. Љолиб он аст, ки сурати баёни тафсирии мафоњим низ дар таљассумкадаи шеъри Монї тарзи ифодаи Мавлоноро ба сурати нав ба љилва меоварад, яъне Монї дар шеъраш аз сапедадам, шакл, ишќ тафсире бо дидгоњи худ мекунад, он сон, ки Мавлоно ишќро њамонгуна маънигузорї намуда, бо нигоње фалсафї. Бо ин њама шабоњатњои маъної ва шевагузинї Монї равиши худро дар навбати аввал дар оинаи шеъри нав ва баъдан ифодае дигаргуна инсиљом мебахшад, ки ин амр ба ибтикорот ва тозаназарии вай дар шеъри нав таъкид меварзад.
Бофти фалсафї, нигарише амиќ бо диди хосаи худ дар ашъори Монї нуфуз касб намуда, њатто ба яке аз вижагињои махсуси њунарии вай бадал шудаанд. Масал задан ба сурати нав, ки дар гузашта чун тамсил маъруф буда, ин љанбањои шеъри ўро боз њам таќвият бахшида. Дар шеъри «Боварњо» ин дидгоњ дар шинохтангоњи шоир равише махсус касб намудааст. Он љо ки ў њастии дарёро аслу моњияти будани киштї мешуморад ва баробари ин поёни кори киштињо њам андаруни дарё ќарор мегирад. Ин масали вуљуди ба њам пайванди муњкам доштаи киштї ва дарёро шоир барои бозтоб бахшидани андешаи бидуни бовар маънї надоштани зиндагии инсон ба кор мегирад.
Боварњо
Бе дарё киштї бемаъност.
Поёни киштињо, аммо дар дарёст!
Бидуни бовар, инсон, бемаъност
Поёни одамї, аммо
Дар бастмони боварњост!
Дар љавњари воњиди андешаи шоир, ки дар ин шеър муљассам аст, нуктаи аслї таъкиди њамин матлаб мебошад, ки инсон бидуни бовар наметавонад њастии худро таъмин кунад ва нобуди бовар метавонад ба нобуди худи инсон бирасонад. Барои истинботи ин назари хеш шоир ба вуљуди киштиву дарё масал мезанад, яъне агар дарё набудї, маъние дар сохтмони киштї низ љой надоштї.
Фалсафаи шинохти аслу бунмояи шеър низ дар сурудањои Монї љойгоње хоса дорад. Њарчанд чунонки гуфта омад, дар тафсири шеър андешањои фаровоне аз оѓоз то кунун чї дар ќаламрави сухан ва чї дар ашъори шоирон ба унвони назари инфиродї љой дорад, аммо њамоно Монї њам нигоње махсуси худро бо нигарише хоса арза медорад. Ў шеърро ба њадде дўст медораду ба он ишќ меварзад, ки онро «Ватани худ» унвон намуда, калимотеро дар он мезияд ва нафас мекашад ва худро дар он гунљоиш медињад бо њама њиссу отифаву тафаккур. Шоир бар он меандешад, ки мењани ман дар чакрае борон, порае аз хок, ё хобњои кабуди модарам, гузарномаи њарљоиям ва амсоли ин нест, балки дар калимоти мананд, он калимоте, ки дар худ таљаллии хаёл ва маърифати шоирро бо њама шањомат ва густардагї гунљоиш додаанд:
На дар чакае борон,
На дар порае аз хок аст Ватанам,
На дар хобњои кабуди модарам
На дар гузарномаи њарљоиям
На дар љомањои фарсоянда,
На њатто дар танам
На дар њубоби торики танњоиям
На дар табори мењолудам
На њатто дар дањон ё оѓўши занам
Мењани ман, калимоти мананд,
Ки њамчун пирањане нарм,
Љањонро дар худ мепўшонанд!
Шеър ё вожагоне, ки шеърро њастї бахшидаанд, дар оинаи пиндори шоир, бешакк баробари ватани аслии ў будан њамчун пироњани нарм љањонеро дар худ мепўшонанд, яъне пушти ин чанд калимоти ба зоњир парешону њатто кўтоњ љањоне нуњуфта, ки аз тафаккур, андеша, шинохт ва маърифати шоир њосил шудааст, љањоне, ки дар ин љањони воќеї нагунљидааст ва шояд натавонад бигунљидан.
Монї дар тасвирсозї њама нигоње тозаву муосирро соњиб аст. Бо он тасаллуте, ки ба забонњои мухталифи љањонї дорад, аз вожагони онњо ба унвони абзорњои тасвирсоз шоиронаву њунарварона ба кор мегирад. Масалан, дар шеъри «Сафар» вожаи шинелро, ки аслан русї аст ва ба маънии ќабои кушодаи беостин, ки аз рўи либосњои дигар бипўшанд, ба кор рафта, барои сохтмони тасвири зебої ба сурати «уфтодани шинели нигоњ аз пайкарам» истифода намудааст, ки хеле љаззоб ва шоирона ба назар мерасад:
Сафар
Рўзе, ки шинели нигоњи шумо,
Аз пайкарам бияфтад.
Ва рўшаної аз шонањои ман биравад
Ва осмон аз рўи ман бархезад,
Хоњед дид:
Чизе аз сояњое, ки бар љой менињам нахоњад монд.
Афтодани шинели нигоњ тафсири њамон таъбири маъруфи нигоњ бар кардан, дидагонро ба сўи дигар мувољењ сохтан аст, ки Монї ба хотири иљтиноб аз такрор даст ба халлоќияти як таркиби тоза дар оинаи тасвир задааст. Ин љо чанд таркиби дигари шоирона њамчун мањсули тафаккури суханвар ба љилва омадаанд, ки дар сурати «рўшаної аз рўи шонањои ман биравад», «осмон аз рўи ман бархезад» таљассум ёфта, як навъ тозагии шеваи кори суханварро дар тасвирсозї бозтоб бахшидаанд. Хулосаи каломи шоир њам навъе тафаккури фалсафии ўро муљассам мекунад, ки агар таваљљўњи шумо аз ман бирањад ва нигоњи илтифот аз сўям канда шавад, маро торикие фаро хоњад гирифт. Яъне, ин шеър тафсири як њолати воќеии зиндагонист, ки инсон бидуни илтифот ва мењру муњаббати атрофиён, хоса ононе, ки бар эшон унсу муваддат дорад, зиста наметавонад ва офтобу осмони зиндагонии инсон њамин рўшании ихлосу иродати дўстон бошад. Вагарна ба таъбири Монї «Чизе аз сояњое, ки бар љой менињам, нахоњад монд».
Дар корбурди саноеи бадеї низ Монї равише тозаро аз сар мегирад ва њамин љаззобияти кори вай навъе оњангин кардани шеъри сапедро таъмин намуда, ба он гўё мавзунияти дарунї ато мекунад. Ваќте ў дар њар сатре аз ин шеър сифоти мањбубаи худро бармешуморад ва навъе сифатчиниро дар шакли нав дар њар мисраъ, на дар канори њамдигар ба кор мегирад, эљоди ќофияи дарунии вожагони сифатшуда оњанг ва мавзунияти каломашро тањким бахшидаанд. Инњо њамон вожагонеанд, ки дар сурати «тобонтар», рўшантар», «донотар», гиротар», нармтар» љой гирифта, гўё дар ибтидои мисраъњо ќофия шудаву дар сохтмони шеър низ навъе шањомат њосил кардаанд.
Тобонтар аз лимўи дар миёни алафњо,
Рўшантар аз себе ѓалтон бар об,
Донотар аз парандаи хуфта бар тухмњояш,
Гиротар аз оњанге дар соќањои биринљ,
Нармтар аз хаёле дар бистар аст,
Он ки дўсташ медорам.
Фалсафаи шеъри Монї омезае аз фалсафаи Шарќ ва Ѓарб аст, ки дар нињоят аз љониби шоир њамчун рассоме моњир бо мўќалами сухан дар тарњи як тасвири зинда наќќошї мешавад. Ин бешакк, аз њунари шоирї ва мањорати суханварии ў гувоњї медињад. Яъне, шеъри шоирро ваќте мутолеа мекунї, метавонї онро рўи коѓази сапед ба мисли як акс тасвир намої. Чунончи ин гуна тасвири њунармандона, ки шеъри асил ном гирифтааст, дар шеъри «Себ» ба мушоњида мерасад. Ба вижа таркибсозињои шоирона ба шеъри ў шукўњу љалоли хоса мебахшад.   
Аз Кањкашони дарахт,
Себе чидам,
Аз дарахти Кањкашон,
Заминро.
Кафи дастонам
Саршори бўи себ!
Љилвањои њунари шоирї дар аксари ашъори шоир ба мушоњида мерасанд. Монї воќеан шоири мониќалам буда, дар наќќошии шеър дасти тавоно дорад ва шеъри худро «дар рў ба рўи хаёл» ба масобаи тоблуе нигорхона месозад ва бофти суханаш тандисњои Суњроби Сипењриро ба ёд меоваранд. Ў шоири мусаввирест, ки рўбарўяш хаёл дар чархи бофандагияш шеър мебофад ва њамзамон дар нигорхонаи коргоњи эљодии худ дар тоблуи сафеде наќќошї мекунад. Хаёли шоир рўи сандалї нишаста, бо ў суњбат мекунад ва зењни шоирро тањрик медињад, ки мухотаби худро шукуњманд биофарад:   
Бар сандалии холии рўбарўяш
Нишаста манам.
Бар сандалии холии рўбарўям
Ў.

Рўбарўяш хаёл шеър мехонад,
Рўбарўям хаёл наќќошї мешавад.

Рўзе рўзгоре,
Бар сандалии рўбарўяш,
Шоире нишаста буд
Бар сандалии рўбарўям
Тоблўе сапед.

Чандест,
Наќќошони сурёлист,
Ўро рабуда,
Маро љоду кардаанд.

Акнун
Бар сандалии рўбарўям,
Як наќќошї,
Бар сандалии рўбарўяш,
Як наќќош!
Рўзгоре, ба таъбири шоир дар зери «бофаи хаёл» хешро паноњ мекунад, то ки дар љањони рўъёњои худ зиндагї намояд. Зеро ба гуфти ў «зиндагиро танњо як бор метавон зист» ва «њар шеърро танњо як бор метавон суруд», вале њар бор бо дидани шоњбонуи паричењра, ки аз «табори шабнамњост» зиндагї ба чашми ў боз зиндатар мегардад ва ба андешаи шоир «зиндагї њар рўз моро мезияд». Ба таъбири шоир:

Сухан агар, ки зебо буд,
Хомўшї низ сухане мегуфт!
Шоир лањзањоро чунон ба тасвир мекашад, ки онњоро мебинї, ламс мекунї, эњсос менамої, бўй мекашї. Яъне сохтмони шеърро дар фазои чањор унсур ва муњити шаш љињат моњирона барчида, худро шоири наќќоши њаким ба љилва медињад. Намунаи барљастаи ин андеша шеъри «Ду бушќоби фалсафа» мебошад:
Њамин љо рўи њамин миз:
Ду барг нону коњуе тоза,
Ду тика панир, ду шеъри гарм,
Ду коса мусиќии азалї,
Ду бушќоби фалсафабофї.
Њамин љо рўи њамин мубайл
Ду тарона пур аз конёк,
Ду пироњан пур аз бетобї,
Ду мављи ќирмиз дар камаргоњ.
Њамин љо
Дар рўшаноии њамин шаб:
Лиз хўрдани ду фалсафа бар бистар,
Пичпичањое ба њам бофта,
Ќирмизињое дар њам танида,
Ду пироњани тўфонзада,
Ду таронаи тињї.
В-онгоњ,
Ду хамёзае нозанин!
Дар ин баргузида шеъре бо номи «Нони гарми лабњоятро дўст дорам" њаст, ки моро ба ёди як байти Анбори шоир –ошиќи писари љавоне шуда буд, мебарад ва Рашиди Ватвот андар баёни санъати ињом байти зери ўро зикр мекунад:

Он кўдаки таббох бар он чандон нон,
Моро ба лабе њаме надорад мењмон.
Вожаи «лаб», ки баъд аз калимаи нонво табъан ба маънои канораи нон тасаввур мешавад, ба маънои «лабњо» [и инсон] низ њаст ва талвењан ин маъниро мерасонад, ки: «Ў моро ба лабњои худ даъват намекунад». Анборї аз ин ваљњи маънои калимаи лаб ѓофил буд ва Ватвот ўро аз номи муносиби он огоњ сохт. ВалеМонїњаминмаъниробагунаирўшантар, кимухотабашдилбаримањљабинмебошад, баёнмекунад:
Нони гарми лабњоятро дўст дорам,
Донањои гандуми суханатро низ.
Албатта, рољеъ ба њар шеър, ки вориди ин маљмўа шудааст, метавон наќду назаре ироа намуда, аз он бозёфтњои шоиронаи Мониро рунамої кард. Ваќте сурудањои ин шоири мубтакир аз сўи аксари мунтаќидон ва пажўњишгарони соњибноми Эрон мавриди эътироф ќарор гирифтанд, чї љои он мемонад, ки мо бештар аз ин биафзоем бар ин муќаддимаи вуруд ба љањоне дар пањнои фикрии каломи Монї ё ба таъбири худаш ватани ў. Ва њамчунин тарљумаи ашъори ў бар чанд забони дунё, минљумла олмониву донморкиву инглисиву љопонї ва нашри ۵۴ љилд аз осори ин суханвари мумтоз дар назму насру тањќиќ худ рўшантарин далели шањомати адабї ва эътирофи маќому љойгоњи ўст дар ќаламрави шеъри имрўзи љањонї.
Бењтар он аст худ хонандаи арљмандро рањнамун созем, барои мусофират ба ќаламрави ин ватани боварњо, ормону андешањо. Итминон дорем, ки мутолеаи ин маљмўи ашъор барои њар нафар мухлиси шеър атияњои маънавиеро аз олами ирфону фалсафї, хаёлоти љаззобу рангин, дунёи пур аз шодобиву нусратёрї, ихлосу иродат ва самимият таќдим хоњад намуд.
Нуралї Нурзод
Умриддин Юсуфї






www.nevisandegan.net